Jump to content

Тим Бернерс-Ли

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сэр Ти́моти Ҷон Бе́рнерс-Ли
Sir Timothy John «Tim» Berners-Lee
Таърихи таваллуд 8 июн 1955(1955-06-08) (69 сол)
Зодгоҳ Англия, Лондон
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: коршиноси ҳунар[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the British Empire Officer of the Order of the British Empire Order of the Cross of Terra Mariana, 1st Class

Prix Ars Electronica[d] (1995)

W. Wallace McDowell Award[d] (1996)

Eduard-Rhein Technology Award[d] (1998)

MacArthur Fellows Program[d] (1998)

Ҷоизаи Жопун[d] (2001)

Millennium Technology Prize[d] (2004)

Quadriga[d] (2005)

Charles Stark Draper Prize[d] (2007)

Queen Elizabeth Prize for Engineering[d] (2013)

ҳамкори Анҷумани салатанатӣ[d] (2001)

UNESCO Niels Bohr Medal[d] (2010)

Royal Medal[d] (2000)

Mountbatten Medal[d] (1996)

Princess of Asturias Award for Technical and Scientific Research

EFF Award[d] (2000)

Lord Lloyd of Kilgerran Award[d] (1998)

Marconi Prize[d] (2002)

Fellow of the Royal Society of Arts[d]

Internet Hall of Fame[d] (2012)

honorary doctorate of the University Polytechnic of Madrid[d]

honorary doctorate of Lancaster University[d]

ҷоизаи Туринг[d] (2016)

Obedience Award[d] (2017)

Computer History Museum fellow[d] (2003)

Order of Merit

Lovelace Medal[d] (2006)

ACM Software System Award[d] (1995)

Albert Medal[d] (2002)

honorary doctor of the Open University of Catalonia[d] (2008)

Paul Evan Peters Award[d] (2000)

OII Lifetime Achievement Award[d] (2014)

Fellow of the Royal Academy of Engineering[d]

Fellow of the British Computer Society[d]

Fellow of the American Academy of Arts and Sciences[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард[d] (2011)

Axel Springer Award[d] (2017)

Worthy of the City[d] (2014)

honorary doctor of the Yale University[d] (19 май 2014)

Royal Designer for Industry[d] (2009)

IEEE Koji Kobayashi Computers and Communications Award[d] (1997)

President's Medal[d] (2006)

Sir Frank Whittle Medal[d] (2001)

Bodley Medal[d] (2002)

IEEE Maxwell Award[d] (2008)

Honorary doctor of the University of Liège[d] (2009)

Dennis Gabor Medal and Prize[d] (1997)

ACM Fellow[d] (2023)

Вебгоҳ w3.org/People/Ber…(англ.)
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сэр Тимоти Ҷон Бе́рнерс-Ли (англ. Sir Timothy John «Tim» Berners-Lee; тав. 8 июни 1955, Лондон) — донишманди бритониёии улуми роёна, ихтирокори URI, URL, HTTP, HTML, эҷодкори Веби ҷаҳонгустар (бо ҳамроҳии Роберт Кайо) роҳбари кунунии Консорсиум Веби ҷаҳонгустар. Муаллифи консепсияи шабакаи семантикӣ. Муаллифи бисёр навовариҳо дар соҳаи фановарии иттилоот.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тим Бернерс-Ли дар Лондони (Англия) таваллуд шудааст. Волидайни ӯ, Конвэй Бернерс-Ли ва Мэри Ли Вудс ҳарду риёзишиносон буданд ва барои сохтани «Manchester Mark I» меҳнат мекарданд, ки яке аз аввалин компютерҳо буд. Тим дар мактаби Эмануэл дар шаҳри Вэндсворте таҳсил мекард, баъд дар Коллеҷи Шоҳонаи Оксфорд таҳсил кардааст. Дар он ҷо вай аввалин компютери худро дар асоси протсессори M6800 бо телевизор ба ҷойи монитор ҷамъ овард. Боре Тим ва дӯсташро бо ҳамлаи хакерӣ карданашон дастгир шуда буданд, аз ҳамин сабаб аз ҳуқуки истифодабарии компютерҳои донишгоҳ маҳрум шуда буданд.

Баъд аз хатми Донишгоҳи Оксфорд дар соли 1976 Бернерс-Ли ба компанияи «Plessey Telecommunications Ltd» дар графигарии Дорсет ба кор омад. Он ҷо вай ду сол кор кард, асосан бо тақсимкуни транзаксияҳо машғул буд.

Дар соли 1978 Бернерс-Ли бар компанияи «D.G Nash Ltd» меояд, ки дар он бо барномаҳо барои принтерҳо ва системаи оператсионии бисёрвазифаро сохт.

Баъд вай як солу шаш моҳ дар Шӯрои Аврупои барои Тадқиқотӣ ҳаставӣ (фаронсавӣ: Conseil Européen pour la Recherche Nucléaire, CERN) консултанти барномаҳои компуютерӣ шуда кор кард. Дар ҳамон ҷо, дар Женева (Швейтсария), барои истифодаи шахси барномаи «Энквайр» (англисӣ: «Enquire» - ро навишт, ки мумкин аст ҳамчун «Таҳқиқчӣ ё пурсуҷӯйчӣ») тарҷума кунем, ки ин барнома ассотсиатсияҳои тасодуфиро истифода мебурд ва асоси тахминии Шабакаи Ҷаҳониро гузошт.

Аз соли 1981 то 1984 Тим Бернерс-Ли дар компанияи «Image Computer Systems Ltd» меъмори системавӣ шуда кор кард.

Дар соли 1984 вай идрори — стипендияро аз CERN гирифи ва дар он ҷо бо коркарди системаи тақсимкуни барои ҷамъоварди иттилооти илмӣ сарукор дошт. Дар он вақт системаи «FASTBUS» кор мекард ва системаи худро сохт RPC (англисӣ: Remote Procedure Call).

Дар соли 1989, дар шабакаи дохилии CERN кор карда, Бернерс-Ли лоиҳаи ҳиперматнии глобалиро, ки дертар ҳамчун Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ машҳур мегардад пешниҳод кард. Лоиҳа тасдиқ шуд ва амалӣ гардид.

Аз соли 1991 то 1993 Тим Бернерс-Ли кори худро барои Анкабутхонаи умумиҷаҳонӣ ё худ Шабакаи Ҷаҳонӣ давом дод. Вай пешниҳодҳои корбаронро ҷамъ меовард ва кори Шабаки Ҷаҳониро ҳамооҳангсозӣ мекард. Дар ҳамон вақт аввали таснифоти худро барои URI, HTTP ва HTML барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод кард.

Дар соли 1994 Бернерс-Ли сарвари кафедраи Асосгузорон «3Com» дар Лабораторияи информатики MIT гардид. Вай то ҳам дар он ҷо яке аз тадқиқотчиёни пешсаф аст.

Ҳоло ҷаноб (сэр) Тим Бернерс-Ли берун аз шаҳри Бостон бо завҷаш ва ду кӯдакаш зиндагӣ мекунад. тез-тез ба гӯшаву канори гуногуни кишварҳои ҷаҳон сафар мекунад.