FTSE 100 Index
FTSE 100 Index (Financial Times Stock Exchange Index, ғайририасӣ Footsie) — индекси пешрави биржаи фондии Лондон. Аз тарафи ширкати мустақили FTSE Group, ки онро ба таври муштарак рӯзномаи Financial Times ва биржаи фондии Лондон ихтиёрдорӣ менамоянд, ҳисоб карда мешавад.[1]
Аз санаи 3 январи соли 1984 аз сатҳи 1000 банд ҳисобкунӣ оғоз шудааст. Ба ифодаи рекордии 6950,6 худ санаи 30 декабри соли 1999 ноил гардид.[2]
Ҷузъҳои таркиби индекс
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи сентябри соли 2021 бахши мол ва хизматрасониҳои саноатӣ индекси бузургтарин бо вазни 11,5% буд, пас аз он бахши молиявӣ бо 11,3% ва дар ҷои сеюм бахши ҳифзи саломатӣ бо 9,9% меистоданд.[3] 10 ширкатҳои калонтарин дар сармояшавии умумии ҳамаи иштирокчиёни индекс вазни маҷмӯии 41%-ро доро буданд.
Маҳакҳои интихоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкатҳое, ки саҳмияҳои онҳо бо ҳисоби индекси FTSE 100 ба ҳисоб гирифта мешаванд, бояд шартҳое, ки FTSE Group пеш меорад, қонеъ намоянд:[4]
- ба феҳристи биржаи фондии Лондон шомил бошанд,
- арзиши саҳмияҳои индекси FTSE 100 бояд бо фунтах ё евро ифода шаванд,
- аз санҷиши тестӣ ҷиҳати мансубият ба давлати муайян гузаранд,
- саҳмияҳо бояд дар муомилоти озод буда, пардохпазирии баланд дошта бошанд.
Индекс ҳар семоҳа, рӯзи ҷумъаи аввали моҳҳои март, юн, сентябр ва декабр, аз нав баррасӣ мегардад.[5]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Financial Times Stock Exchange Group (FTSE). investopedia.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Why the FTSE 100 has hit a record high. theguardian.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ Brokers for Trading Indices Guide. comparebrokers.co. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ FTSE Indices. corporatefinanceinstitute.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
- ↑ MiniFutures FTSE 100. borsaitaliana.it. 17 Январ 2022 санҷида шуд.