Димитр Благоев
|
|
Таваллуд |
14 июн 1856[1][2] |
Даргузашт |
7 май 1924[3][1][2] (67 сол) |
Ҳамсар | Vela Blagoeva[d] |
Фарзандон | Dimitar Blagoev[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дими́тр Благо́ев Николов-Дядото (булғорӣ: Димитър Благоев Николов-Дядото; 14 июни 1856, Загоричане — 7 майи 1924, София) — ходими машҳури сиёсии Булғория.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи деҳқони камбағал. Аз с. 1878 дар Россия зиндагӣ мекард. Соли 1881 ба Университети Петербург дохил шуд. Соли 1883 яке аз аввалинҳо шуда ташкилоти марксистӣ дар Россия (гурӯҳи Благоев)-ро ташкил кард. Соли 1884 он 15 маҳфили марксистиро дар худ муттаҳид намуда, ба худ номи Ҳизби русии сотсиал-демократҳоро гирифт. Ба фикри онҳо давлати буржуазӣ зери таъсири ҳаракати пролетариат метавонад ба давлати «халқӣ» (сотсиалистӣ) табдил ёбад. Дар байни коргарон чандин маҳфил ташкил карданд, чопи рӯзномаи «Коргар»-ро ба роҳ монданд (то типографияро хароб намудани политсия ду шумора баромад) ва солҳои 1885-50 бо гурӯҳи «Озодии меҳнат», ки Г. В. Плеханов созмон дода буд, иртибот пайдо намуданд. Ҳамон сол Благоев дастгир ва ба Булғория фиристода шуд ва гурӯҳи ӯро с. 1887 тамоман нест намуданд. Соли 1891 Блогоев ташаббускори асосии ташкил намудани Ҳизби сотсиалдемократӣ дар Булғория шуд. Аз с. 1897 органи ин Ҳизб — маҷ. «Ново время»-ро роҳбарӣ мекард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Маҷлиси халқӣ муқобили додани қарзи ҳарбӣ овоз дод ва зидди ҷалб намудани Булғория ба ин ҷанг баромад. Ҳизбе, ки Блогоев сарварӣ мекард, алоқаашро аз Интернатсионали II канд. Соли 1919 ҳизби ӯ Ҳизби коммунистии Булғория (ҲКБ) номгузорӣ шуд ва дар бунёнгузории Интернатсионали (коммунистии) сеюм саҳм гузошт. Блогоев дар бораи назарияи марксистӣ, иқтисодиёти сиёсӣ, таърихи сотсиализм ва эстетика асарҳо таълиф кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Благоев Димитр // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лихачева Л. Димитр Благоев (1856—1924).
- Библиографический указатель. М., 1956.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Благоев Димитр // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 14 июн
- Зодагони соли 1856
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 7 май
- Даргузаштагони соли 1924
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)