Ви́ки — анвоъе аз торнамоҳо, ки ба тамоми боздидкунандаҳояш (ҳатто гоҳ, бидуни ниёз ба номнавись дар торнамо), иҷозаи вироиш, афзудан ё ҳазфи навиштаҳоро медиҳад. Маъмулан дар викиҳо матнҳо бо истифода аз як забони нишонагузории сода навишта мешаванд ва бо кумаки як вироишгари матни ғанӣ қобили вироиш аст.

Вежагиҳо

вироиш
  • Имконияти як чанд маротиба вироиш кардани матн бо ёрии худи муҳити вики (сомона), бидуни истифодаи таҳриргарон ва ё вироишгарони матнӣ берун аз муҳит.
    • Забони махсус, ки бо осони пайвандҳоро ҷо ба ҷо гузорад.
  • Пайдо шудани тағйирот баъд аз вироиши матн.
  • Тақсимкунии мундариҷа ва номгузории саҳифа.
  • Шумораи зиёди муаллифон. Баъзе викиҳоро ташрифгарон ва ё меҳмонон бидуни номнависи метавонанд вироиш кунанд.
  • Ҳисбо тағйирот (ҳисоби тағйиротҳо): имконияти тағйиротҳои иловакардашуда ва ё баргардонидани тағйироти аввала.

Барои сохтани муҳити вики махсус барнома ва ё нармафзор лозим аст — ронандаҳои вики. Ин як навъи системаи идоракунии сомонаҳо, ки хеле сода ва вазифанок мебошад, ва ё қариб ҳамаи вазифа ва сохти он бо роҳи дасти иҷро мешавад.

Кори Википедиа ва дигар сомонаҳои Бунёди Викимедиа дар асосӣ ронандаи «МедиаВики» сохта шудаанд.

Таърих

вироиш

Якум шабакаи вики, «Анбори портландии намудҳои» [кодҳои барномаҳо], 25 марти соли 1995 аз тарафи барноманавис Уорд Каннинҳем сохта шуда буд. Калимаи «wiki» (талаффуз [ви́ки]), аниқтараш — «wiki-wiki», аз забони ҳаваягӣ гирифта шудааст, ки мазмунаш «тез» мебошад.

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш